тоҷикӣ
русский
Шуъбаи “Таҳлили макроиқтисодиёт”
Мудири шуъба: Назаров Маҳмадали Муродалиевич
Мавзӯи таҳқиқот: Нақши ислоҳоти аграрӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ” барои солҳои 2016-2020.
Мақсади асосии таҳқиқот иборат аст аз муайян намудани тадбирҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ қобили қабул, аз ҷиҳати агроиқтисодӣ самарабахш, ҳамчунин чораҳои аз ҷиҳати молиявию техникӣ иҷрошаванда дар комёбии худтаъминкунӣ ва амнияти озуқавории давлати соҳибистиқлол мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф, таҳияи нави консепсия барои КАС – и Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст. Дар баробари ин зарурияти коркарди механизми махсуси самаранокии агроиқтисодӣ ба вуҷуд меояд. Бояд консепсияи ягонаи ислоҳоти муносибати агроиқтисодӣ, аломат ва андозаҳои истеҳсолии он пешниҳод шуда, дар ислоҳоти барномаи илман асоснок мунтазам бо назардошти дурнамои барнома ба нақша гирифта шавад.
Шуъбаи «Омўзиши бозорҳои кишоварзӣ»
Мудири шуъба: Валиев Зафар Ҷурахонович
Мавзўи таҳқиқ: «Таҳлил ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба бозори маҳсулоти озуқавории кишоварзӣ» барои солҳои 2016-2020
Мақсади ин таҳқиқот аз таҳияи пешниҳодҳои амалӣ ва тавсияҳои илман асоснок оид ба мўътадилии рушди иҷтимоию-иқтисодии минтақаҳои деҳот, паст намудани сатҳи камбизоатии деҳот, баланд бардоштани сатҳи зист, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва беҳтар намудани ҳолати ҳифзи муҳити зист дар хоҷагии деҳот мебошад
Шуъбаи «Омўзиши муаммоҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои кўҳистон»
Мудири шуъба: Ҷобиров Шодмон Абдуллоевич
Мавзўи таҳқиқот: «Таҳлили самаранокии бунёд ва рушди боғу токпарварӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2016-2020.
Мақсади асосии таҳқиқот аз илман асоснок намудани таҳлили самаранокии бунёд ва рушди боғу токпарварӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Гузаронидани таҳқиқотҳо бо мақсади беҳтар намудани сифати маҳсулот, рушди соҳаи боғу токпарварӣ, ҷойгиркунии корхонаҳои коркарди он ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба роҳ монда мешавад.
Шуъбаи «Иттилоотию машварати ва таълим»
Мудири шуъба: Мусулмонова Савсан Сайдалиевна
Мақсади асосии шуъба: Қабул ва назорати корҳои илмии аспирантон ва унвонҷуён мебошад. Дар айни замон дар Институт бо фаъолияти илмӣ 39 аспирант ва 25 унвонҷўй машғул аст.
Шуъбаи «Иқтисодиёти гуногуннизом (бисёрсохтора) дар КАС»
Мудири шуъба: Абдулоева Мавсума Исматуллоевна
Роҳбари илмии мавзўи таҳқиқшаванда: академик Пиризода Ҷ.С.
Номи мавзўъ: Таҳлил ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба бозори маҳсулоти озуқавории кишоварзӣ
Мақсади корҳои илмӣ: илман асоснок намудани таҳлил ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба рушди бозори маҳсулоти озуқавории кишоварзӣ дар шароити ташаккули иқтисодиёти бозор ва таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо озуқаворӣ мебошад.
Шуъбаи "Бозори воситаҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ"
Мудири шуъба: Файзов Неъматулло Бобомуродович
Мавзўи таҳқиқотӣ: Хусусиятҳои ташаккулёбии сабади истеъмолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақсади таҳқиқи илмӣ: иборат аст аз таҳқиқӣ асосҳои назариявӣ ва пешниҳодҳои амалӣ оид ба хусусиятҳои ташаккулёбии сабади истеъмолӣ. Таҳияи консепсияи низоми иқтисодии хоҷагиҳои хонаводагӣ, ҳамчун субъекти пойгоҳи муносибатҳои истеъмолӣ дар системаи гуногунсатҳ, шакл ва механизми амалишавии он. Инчунин омилҳои мустақиле, ки ба ҳолати тағйирёбии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсир мерасонад баррасӣ мегарданд.
734020, Тоҷикистон, ш. Душанбе, куч. Ҳаёти-Нав 306,
Тел. (992 37) 236-88-61, Факс (992 37) 236-92-01. E-mail: info@tniieosp.tj
2016-2018 Copyright © http://tniieosp.tj All rights reserved